Рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ширинзода Ҷ. санаи 15.02.2019 сол дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати Назаров Хушвахт Маҳмадалиевич, 23 сентябри соли 1991 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Қашқараҳа таваллуд шудааст, маълумоташ миёна, миллаташ ӯзбек, забони тоҷикиро медонад ва ба тарҷумон муҳтоҷ намебошад, оиладор соҳиби як фарзанд, қаблан бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо моддаҳои 32 қисми 3-244 қисми 2 бандҳои “а,в” 244 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 249 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода истодааст.

?

?

?