Сӯиқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда раиси суд Сангинзода Ғайрат, машваратчиёни халқӣ Содиқов М.С. ва Исмоилов Ё.Ҳ. дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд 10 апрели соли 2019 парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли-23 декабри соли 1996 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст, миллташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи умумӣ, муҷаррад, кор намекунад, қаблан суд нашудааст, айбдор карда шудааст бо моддаҳои 32 қисми 3- 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (сӯиқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо), чораи пешгирӣ дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс татбиқ шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли моҳи сентябри соли 2018 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтаааст. Ӯ моҳи октябри соли 2018 ба сомонаҳои интернетии «Ютуб», «Телеграм» ворид шуда, дар раванди тамошои наворҳои ҷангии аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» ва гӯш кардани сухангуиҳои аъзоёни ин ташкилот ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» шинос гардида, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли бо аъзои фаъоли ташкилоти зикршуда шинос шуда, даъвати ӯро қабул кардааст. Ӯ бо мақсади шомил шудан ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» ва иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ санаи 17 январи соли 2019 тавассути тайёраи хатсайри самти «Внуково(Москва)-Ататурк(Истамбул)» ба давлати Туркия парвоз намудааст ва ба хотири ошкор нашудани мақсадаш чиптаи бозгаштро ҳам харидорӣ кардааст.  Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли санаи 21 январи соли 2019 бо мақсади ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаштан ва шомил шудан ба ташкилоти террористӣ ва иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ бо роҳбаладии аъзоёни фаъоли ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» ба шаҳри Адана ва аз он ҷо тавассути автобус ба самти сарҳад раҳсипор шудааст, вале дар наздикии сарҳади давлатҳои Туркия ва Сурия аз ҷониби кормандони полиси давлати Туркия дастгир шуда, маҷбуран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст. Ҳамин тавр, Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли бо ҳолатҳои ба ӯ вобаста набуда ба мақсадҳои ниҳоии худ расида натавонистааст ва ҷиноят бо ин сабаб ба охир нарасидааст.

Судшаванда Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғли дар мурофиаи судӣ худро дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 32 қисми 3- 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор ҳисобида, ҷиҳати амалӣ кардани ҳуқуқаш раводиди моддаи 311 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ даст кашид. Ӯ иброз намуд, ки гуфтаҳо дар айбнома пурра дуруст мебошанд ва аз кардааш пушаймон мебошад.

Бо назардошти хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда суд лозим донист нисбати судшаванда Ҳакимов Анваржон Тошмуҳаммад Уғлиро бо моддаҳои 32 қисми 3- 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ 12 (дувоздаҳ) солу 6 (шаш) моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз, ба маҳкумшуда бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.