Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат

Нимаи дуюми рӯзҳои 23 ва 24 январи соли равон раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат бо ҳамроҳии гуруҳи корӣ, аз ҳисоби намояндагони  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, амният, прокуратура, бахши  кор бо  ҷавонон ва варзиши ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, №12 ва №34 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳалла, омӯзгорону таълимгирандагони муассисаҳои таълимии мазкур суҳбату  вохӯриҳо  гузаронида, мазмуну  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳу  тавзеҳ дода шуд.

Қайд кардашуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали корӣ  фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.

Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: