Шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе имрӯз, яъне 26 декабри соли 2018 дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шуниданд. Бояд қайд, ки имрӯз дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.