Сироят кардан бо инфексияи ВИЧ боиси ба ҷавобгарӣ кашидани шахс гардид

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе санаи 2 ноябри соли 2018 дар ҳайати раисикунанда-судя Амирзода Т.Р., бо котибии Муҳаммадҷонзода Д. бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Камолзода Ф. дар мурофиаи ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд А.А. Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, мардикор, муҷаррад, пеш суд нашудааст, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 125 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромада, муайян кард, ки шаҳрванд А.А. аз соли 1997 то ин ҷониб зуд-зуд ба Федератсия Руссия ба муҷоҷирати меҳнатӣ рафта, дар он ҷо ба сифати мардикор кору фаъолият мекардааст. Ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш бо шахси ба тафтиши пешакӣ номаълум алоқаи ҷинсӣ намуда, гирифтори бемории вирсии норасоии масунияти одам гардида, санаи соли 2013 ба қайди Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ бемории ВНМО гирифта, барои сироят накардани бемориаш ва нагузаронидани он ба дигарон худи ҳамон сол, яъне соли 2013 аз тараифи ҳамин Марказ огоҳонида шудааст.

Шаҳрванд А.А. бошад дидаю дониста, ки гирифтори бемории ВНМО мебошад, бо мақсади шахси дигарро таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузаштан бе огоҳии пешакӣ дар мавриди бемории сироятии худ моҳи июли соли 2018 бо шаҳрванд Б.Б. шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи мусулмонӣ оиладор шуда, дар хонаи бародараш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе то соли 2018 бе истифодаи рифола бо ў алоқаи ҷинсӣ намуда, бо ин роҳ номбурдаро зери хавфи сирояти ВНМО гузоштааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда А.А. худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 125 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда  гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираҳои судӣ  гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбўрӣ нест.

Гуноҳи судшаванда А.А. ба ҷуз аз худиқрории ў, инчунин бо дигар далелҳои боэътимоди дар қабати парванда мавҷуд буда аз тарафи суд тасдиқи худро меёбад.

Суд кирдори судшаванда А.А.-ро бо моддаи 125 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси масунияти одам гузоштани шахси дигар банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшаванда А.А. талаботҳои моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24-уми декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро бавосита ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ба инобат гирифта, нисбати судшаванда А.А. бо моддаи 125 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 (ҳафт) моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда, аз толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.