Сухани табрикии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-9 сентябр»

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни миллӣ, 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо сидқан шодбош гуфта, некномиву некрӯзӣ, хушбахтиву пирӯзӣ таманно дорам.

Истиқлолият рамзи озодии миллат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи ватандориву ватандӯстии мо буда, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан устувор гардидааст.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо баҳри ободиву осоиш ва гулгулшукуфоии давлати соҳибистиқлоли тоҷик бурбориву комёбӣ, саодату иқболи накӯ ва тансиҳатӣ орзумандам.

Поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!

 

Бо камоли эҳтиром,

Раиси суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.