Таъинот оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич

Санаи 16 марти соли 2019 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. парвандаи оилавиро бо даъвои Носирова Зиёда Раҷабалиевна нисбати Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич оиди бекор кардани акди никоҳ дида баромада, муайян кард:

Носирова Зиёда Раҷабалиевна нисбати Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич бо даъво дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки талаби даъво қонеъ карда шавад.

Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо вобаста ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, супоридани нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои замимагардида ба ҷавобгар аз маълумотномаи раиси маҳалла муайян карда шуд, ки ҷавобагар Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич дар суроғаи дар аризаи даъвогӣ нишондодашуда зиёда аз ҳафт сол зиндагонӣ накарда, маҳалли истиқоматаш номаълум мебошад.

Суд бо назардошти ҳолати боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии ҷавобгар Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич оиди ошкоро супоридани даъвати судӣ, аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии гражданин Ҷумҳурии Точикистон, судя таъин кард:

Ба ҷавобгар Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда роҷеъ ба парвандаи оилавӣ аз рӯи даъвои Носирова Зиёда Раҷабалиевна нисбати Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич оиди бекор кардани ақди никоҳ ошкоро супоридан эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шаҳодатномаи хатти никоҳ, маълумотномаи ҷои зисти даъвогар, нусхаи шиносномаи даъвогар дар ҳаҷми 5 варақ.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳаз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич парвандаи оилавӣ бо даъвои Носирова Зиёда Рачабалиевна нисбати Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич оиди бекор кардани ақди никоҳ дар ғоибии ҷавобгар баррасӣ карда шавад.

Баррасии парванда бо даъвои Носирова Зиёда Рачабалиевна нисбати Носиров Абдулбоқи Изатуллоевич оиди бекор кардани ақди никох ба соати 11:00 дақиқа дар санаи

16 апрели соли 2019 мавқуф гузошта шавад.

Матни пурраи таъиноти суд дар гӯшаи эълонҳои бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе насб гардидааст.