ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тулли мавҷудияти худ дар муҳофизати ҳуқуқ ва озодии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор дорад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ислоҳоти системаи судии мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Аввалин маротиба дар қонуни асосӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуда, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муқаррар карда шудаанд. Аз тарафи давлат кафолат додани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ба тариқи конститутсионӣ муайян карда шудаанд, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ зич алоқаманд аст.

Мувофиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Инчунин мувофиқи моддаи 84 Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамоянд.

Ин меъёрҳои конститутсионӣ тақозо мекунанд, ки фаъолияти ҳокимияти судӣ танҳо дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монда шавад ва ба таъмини адолати судӣ сафарбар гардад, чунки ин яке аз равандҳои муҳими рушди давлати демократӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Таърихи 16-уми апрели соли 2005 дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада буд: «Дар робита ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ таъкид бояд кард, ки саҳми ин шохаи ҳокимият ба сифати рукни мустақил дар барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст» .

Барои мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунанда ба қонуни асосӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ кодексҳои нав қабул карда шудаанд, ки он ба таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона карда шудааст.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ низ иҷроиши меъёрҳои конститутсионӣ мебошад, маҳз ҳамин муқарароти конститутсиониро судяҳои суди Ҷумҳурии Тоҷикистони дар фаъолияти кориашон дар самти аввал мегузоранд. Ба хуби дарк менамоянд, ки дар давлати демократӣ мавқеи ҳокимияти судӣ хеле баланд аст ва бояд фаъолияти худро мутобиқи он амалӣ гардонад.

Вазифаи судҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат аст.

Дар радифи ин ҳама дигаргуниҳою дастовардҳо вусъат  бахшидан ба инкишофу таҳкими ниҳодҳои демократии мустаҳкам кардани рукнҳои давлатдорӣ ва ба ин васила хифзи хама ҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмини адолати иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеъа ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.

Дастрасии адлу адолат ба халқ аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Дар миёни ин ҳама мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифату аслу ҷавҳари адлу адолат таъмин менамояд нақш ва мавқеи рукни судии ҳокимияти давлатӣ муҳиму назаррас аст.

Дар воқеъ татбиқи адолати судӣ, ки аз тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муссисаҳо, қонунияту адолат сурат мегирад, маҳз аз ҷониби ин рукни ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. Аз ин тасодуфӣ нест, ки тибқи талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, мақомоти судӣ салоҳият дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин манфиати қонунии шахсони ҳуқуқиро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин намоянд.

Татбиқи адолати суди воқеӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Аз он ҷое, ки давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу ўҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст, аз ин рӯ маҳз ҳокимияти судӣ он неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар ўҳда дорад. Зеро мавҷудияти чунин давлатро наметавон бидуни таъмини адлу адолат, инсоф ва озодию баробарӣ тасаввур кард.

Бо дарназардошти ин омилҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо мақомоти судӣ бояд ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус диҳанд ва тибқи қонунҳои амалкунанда барои пешгирии онҳо ҳама вақт саъю талош варзанд.

Воқеъан пешравиҳои давлат ба адолати судӣ алоқамандӣ дошта ин омили муайянкунанда боиси таҳким ва густариш додани ҳокимияти судӣ мегардад. Хусусияти хоси адолати судӣ ба мисли мутақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипхои демократии мурофиаи судӣ аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳким ва рушди ҷомеъаю давлат ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки бо амалӣ гаштани ин тадбирҳо судҳо фаолияти худро ба кулли ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ бо дарназардошти таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва ташаккул ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Котиби судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сулайманова Манижа