Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. санаи 19-уми апрели соли равон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати Раҳимов Одилҷон Илҳомович, санаи таваллудаш 22.12.1987 сол, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби як фарзанд, пеш суд нашудааст, суроғаи ҷои зисташ шаҳри Душанбе кучаи Шодмонӣ дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 246 қисми 2 банди «б» ва 264 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Раҳимов Одилҷон Илҳомович дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд:

Раҳимов Одилҷон Илҳомович тибқи шартномаи кредитии №121506-004 аз 13 декабри соли 2017 аз тарафи филиали Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи ТАҚҲ «Имон интернешнл», воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Л.Шералӣ, бинои №3 барои таъмири автомашина ба муҳлати 36 моҳ бо меъёри 36,5 фоиз дар як сол ба маблағи 25000 сомонӣ қарзи бонкӣ гирифтааст. Аммо, маблаҳҳои 25000 сомонии қарз гирифтаашро якҷоя бо маслиҳати пешакӣ бо намояндаи ваколатдори ҶСК ТАҚХ «Имон интернешнл» бо номи «Ҷонибек» тасарруф намуда, онро гайримақсаднок ба манфиати худ истифода намудааст.

Тибқи маълумотномаи пардохтҳои мизоҷ аз 22 январи соли 2021, ки аз филиали ҶСК ТАҚХ «Имон интернешнл» пешниҳод гардидааст, маблағи қарзи Раҳимов О.И. то инҷониб ҷамъ 52368 сомонӣ будааст, ки аз ин 22478 сомонӣ қарзи асосӣ, 6842,74 сомонӣ ва 23074 сомониро маблагҳои ноустуворона ва фоизҳои ҳисобшуда ташкил додаанд.

Инчунин, Раҳимов О.И. бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамин намояндаи ваколатдори филиали ҶСК ТАҚХ «Имон интернешнл» бо номи «Ҷонибек» аз хазинаи ҷамъияти зикршуда маблағи 25000 сомониро гирифта, сипас онро ба номбурда дода, маблағи зикршударо бо ҳам тасарруф намудаанд. Аҳадов Ҷ., ки худ ҳамчун намояндаи филиал фаъолият мекард, бо маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов О. ба гирифтани маблаги кредитии ғайриқонунӣ ба номбурда бо роҳи ба муассисаи кредитӣ бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи молиявии Раҳимов И.И. мусоидат намуда, сипас ин маблағро якҷоя тасарруф намудаанд.

Судшаванда Раҳимов О.И. худро дар содир намудани ҷинояти ба ӯ айб эълонкардашуда гунаҳгор ҳисобид.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда гуноҳи ў бо дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ, ки таҳти омузиш ва баҳодиҳи қарор гирифтанд тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори Раҳимов Одилҷон Илҳомовичро бо моддаи 246 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда бо аломати аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва моддаи 264 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз ҷониби шаҳрванд, соҳибкори инфиродӣ ё роҳбари ташкилот гирифтани кредит, иловапулӣ (дотатсия) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузорӣ бо роҳи ба бонк ё дигар муассисаи кредитӣ бараъло пешниҳод кардани маълумоти таҳрифшуда оид ба вазъи хоҷагидори ё молиявии шаҳрванд, соҳибкории инфироди ё ташкилот ё оид ба дигар ҳолатҳое, ки барои гирифтани кредит, иловапулӣ ё шароити имтиёзноки кредитгузорӣ заруранд, (ҳангоми мавҷуд набудани нишонаҳои тасарруфи молу мулки ғайр) муқаррар менамояд, банду баст кард.

Санксияи моддаҳои 246 қисми 2 ва 264 қисми 1 КҶ ҶТ ҷазоҳои алтернативиро дар шакли ҷарима ва маҳрум сохтан аз озоди бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул ба фаъолияти муайян пешбини кардааст.

Тибқи талаботи қисми 6 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи 246 (ба истиснои банди «а» қисми 3) ва 264 КҶ ҶТ, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияи моддаи номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.

Аз ҷониби Раҳимов Одилҷон зарари ба шаҳрванд расонидашуда барқарор карда нашудааст ва суд Раҳимов Одилҷон Илҳомовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 246 қисми 2 банди «б» ва 264 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ў;

— бо моддаи 246 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори ба муҳлати ду сол,

— бо моддаи 264 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуда,

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба Раҳимов Одилҷон Илҳомович ҷазои ниҳоӣ, 4 (чор) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзур, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкори ба муҳлати ду сол,  таъин кард.

Чораи пешгирӣ нисбати Раҳимов Одилҷон Илҳомович забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, ў дар толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.

Дар асоси сархати 3 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, №1648, муҳлати адонагардидаи ҷазои асосӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодии Раҳимов Одилҷон Илҳомович аз се як ҳисса кам карда шуд.