Ташрифи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф ба суди ноҳия

Нимаи рӯзи 8 феврали соли равон Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф бо мақсади шиносоӣ бо вазъи шароити кории кормандон, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо ҳайати кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба суди ноҳия ташриф оварданд.

Пас аз шиносоӣ бо ҳайати кормандони суд маҷлис доир карда шуд. Маҷлиси мазкурро нахуст Сангинзода Ғайрат — раиси суд кушода,  қайд карданд, ки роҳбарият ва тамоми ҳайати кормандони суд аз чунин иқдоми Раиси ноҳия хушҳол буда, миннатдории хешро баён намуда, қайд карданд, ки таърихи 7 феврали соли равон дар мақомоти судӣ тағйироти кадрӣ доир карда шуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 153 нафар ба вазифаи судя таъин гардиданд. Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъин гардидаанд, 58 нафарашон бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардиданд. Дар баробари дигар судҳои шаҳру ноҳияҳо дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чунончи, Кабирзода Сарфароз Мизроб – ба вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод карда шуд. Нурализода Сафар Маҷид — ба вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ва Исмонзода Исфандиёр ба вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф шахсони мазкурро ба ин вазифаи пурмасъул таъин гардиданашон муборакбодӣ карда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту таманниётҳои нек орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаашон арзёбӣ намуданд.

Аз ҷониби Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Самӣ Шариф ду адад комютерҳо ба ҳайати кормандони суд туҳфа гардид.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории ҷаласа: