Терроризм ва хатари он бо ҷомеа

Масаъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ҳамеша дар таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Асогузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ, Призиденти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018  қайд кардааст:

«…Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам.

Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.»

Дар ҳақиқат асри ХХI бо фазо, раванд ва воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад.

Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар замони нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав набуда, балки нишонаҳои он дар давраҳои гузашта – асрҳои миёна мавҷуд будааст.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Воқеаҳои мудҳиши ҷумҳуриҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ҳодисаҳои нангини шаҳрҳои Ню-Йорк, Париҷ, Лондон, Москва, Санкт-Петербург, Волгоград мардуми озодфикру равшанзамири ҷаҳонро ба мубориза бар зидди терроризм муттаҳид сохт. Ин масъала борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардааст. Мавзўи терроризм ҳоло ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо мебошад. Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф гардидааст, балки рўз аз рўз ҳодисаҳои террактӣ бештар гардидаанд.

Ҳамарўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаю канори олам ва садҳо таркишу ҳазорон қурбонии он ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти давлатиро гум карда, ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши тамоми ҷаҳониён гардид. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризе дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холи нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти динро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рўзноманигорон ва хизматчиёни давлатӣ, ки роҷеъ ба таърихӣ Ислом маълумоти аниқ надоранд, дар бораи дини мубини Ислом суханони носанҷида мегўянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ва ё он кишвар халал ворид мекунад. Ислом ба даҳшатафканӣ ҳеҷ муносибат надорад.

Аммо мутаасифона нафароне пайдо мешаванд, ки ба дому фиреби дигар нафарон афтида, на танҳо ҳаёту қадри худро барбод дода, балки боиси ғамгинӣ ва андӯҳии модару ҳамсар ва фарздони хеш мегарданд.

Бо ҳамин монанд дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятӣ мисоли гуфтаҳост.

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандагон:

  1. Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич 08 июли соли 1994 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби як фарзанд, бе ҳизб, қаблан суд нашудааст, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Ҷамоати деҳоти Дарқат, деҳаи Шараф дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
  2. Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович 12 марти соли 1990 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, беҳизб, қаблан суд нашудааст, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, Ҷамоати деҳоти Дарқат, деҳаи Дарқад, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
  3. Шокиров ҚурбоналиСайдаҳмадович 27 сентябри соли 1982 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатанбекор, оиладор соҳибисефарзанд, беҳизб, қаблан бо моддаи 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятииҶумҳурииТоҷикистон ба мӯҳлати 6 (шаш) сол маҳкум карда шудааст, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ҷамоати деҳотиДарқат, деҳаи Меҳробод, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 3072 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард:

Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич дар моҳи январи соли 2018, бо Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович дар ҳудуди деҳаи Дарқади ноҳияи Фархори вилояти Хатлон вохўри карда ҳамсӯҳбат шудаанд. Ӯ зимни сўҳбат карданаш бо Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович дар бораи солҳои 2014-2015 ҳангоми дар Федератсияи Россия ба мўҳоҷирати меҳнатӣ рафтанаш, нақл кардааст, ки Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович, сокини деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, дар соли 2015 маҳкум шуда айни ҳол дар маҳбасхона мебошад, бо ҳамроҳии Қори-Нуриддин ном шахс, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, ба хонаи истиқоматии муваққатиашон омада, Қори-Нуриддин ном шахс якчанд видеороликҳои интернетии ҷанговарони ташкилоти терористии бо ном “Давлати Исломи”-ро дар телефони мобилиаш нишон дода ў ва дигаронро барои аъзо шудан ва ҷангидан бар зидди қувваҳои мусалаҳи давлати Сурия даъват намудааст. Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич баъди қабул ва ҷонибдорӣ намудани даъвати Қори-Нуриддин ном шахс, барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва сафар намудан ба давлати Сурия, 15000 рубли русӣ аз ў мегирад. Мақсади рафтани ўро ба давлати Сурия бародаронаш Сафаров Раҷабмурод Раҳмоналиевич бо тахаллуси “Аскар” ва Сафаров Раҳим Раҳмоналиевич бо тахаллуси “Далер” дар ҳудуди Федератсияи Россия хабардор шуда, ўро аз роҳи пешгирифтааш боз медоранд ва баъдан дар соли 2015 ӯ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад. Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич ба Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович аз сохти давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ карда мегўяд, ки дар давлати демократи риш гузоштани мардҳо, сатр пўшидани занҳо ва кўдаконро ба масҷид рафтан манъ кардаанд. Санаи 11 феврали соли 2018 Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич дар ноҳияи Фархор, Ҷамоати деҳоти Дарқад, деҳаи Дарқад бо Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович вохӯрӣ карда пешниҳод мекунад, ки ў як парчами сиёҳи ташкилоти терористӣ-экстримистии “Давлати Исломи” аз матои сиёҳ ва бо навиштаҷотҳои хати арабӣ омода кардашударо бояд дар дохили деҳаашон дар якҷоягӣ бурда овезон кунанд, ки мардум парчамро дида имон биёранду кормандони ҳукуматӣ дар шубҳа афтида донанд, ки парчами “Давлати Исломӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гузошта мешавад, Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович пешниҳоди Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевичро қабул ва ҷонидорӣ кардааст. Санаи 15 феврали соли 2018, нисфирўзи Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич бо мустаъори “АНАС” ҳангоми дар манзили истиқоматиаш қарор доштан аз рўи маслиҳати пешакӣ кардаашон бо Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович вохӯрӣ карда, парчами “Давлати Исломи”-и омодакардаашро гирифта, аз дохили деҳаи Дарқад, Ҷамоати деҳоти Дарқад баромада ба замини киштзори мавзеи Уртабузи Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор ҳозир шуда, дар чўби андозааш се метраи омодакардаашон, матои рангаш сиёҳи ҳаҷмаш 148х98 см, бо навиштаҷоти хатти арабӣ, ки парчами ташкилоти экстримистӣ-терорситии бо ном “Давлати Исломӣ” мебошад, парчамро бо чўби мазкур дар замин ростовезон карда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Ҳамчунин Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич бо мақсади устувор нигоҳ доштани ақидаҳои экстримистии худ, тахминан моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 логини сомонаи иҷтимоии интернетии «Одноклассники»-и худро аз «Ширинбек Раҳимов» ба «Анас Раҳимов» иваз карда, то санаи 19 ноябри соли 2015 расмҳо ва наворҳои ба ташкилоти экстримистӣ-терористии «ДИИШ» мансуб бударо пайваста тамошо карда, барои паҳн кардани онҳо ва таъсир расонидан ба шуур ва иродаи дигар истифодабарандагони шабакаи интернетӣ, инчунин пешбурди фаъолияти экстримистии ташкилоти дар боло зикршуда ин расму наворҳоро бо роҳу мақул (класс) гузоштан, паҳн кардааст. Санаи 22 феврали соли 2018, соати 14-00 дақиқа, ҳангоми азназаргузаронии сомонаи иҷтимоии интернетии «Одноклассники» бо логини «Анас Раҳимов» ёздаҳ адад расмҳо ва чор адад наворҳои хусусияти диннӣ дошта дарёфт карда шудаанд.

Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст:

Чунончӣ, ӯ охирҳои соли 2014 ва аввалҳои соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстримистӣ-терористии «Давлати исломии Ироқу Шом» шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда маҳкум шудааст. Ў бо мақсади саҳми худро расонидан дар фаъолияти ташкилоти экстримистӣ-терористии зикршуда, дар якҷояги бо Қори-Нуриддин ном шахс, ки шахсияташ ба тафтишот номаълум аст, ба манзили истиқоматии иҷоравии бошандагони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич, Саидов Алимардон Давлатович, Шарипов Дилшод Одинашоевич ва дигарон омада менишинад. Қори-Нуриддин, бо роҳи нишон додани наворҳои видеоӣ, ваъда додани маблағҳои пулӣ ва тарғибу ташвиқи динӣ онҳоро барои шомил шудан ба ташкилоти экстримистӣ-терористии «Давлати исломии Ироқу Шом» ва барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Сурияи Араб сафар намудан ҷалб намудааст. Бо мақсади ҳарчи зудтар фиристодани Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурияи Араб барои омода намудани шиносномаи хориҷӣ, Қори-Нуриддин ном шахс ба охирин маблағи 15000 рубли Федератсияи Россия медиҳанд. Аз мақсади пешгирифтаи Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич бародаронаш Сафаров Раҷабмурод Раҳмоналиевич бо тахаллуси “Аскар” ва Сафаров Раҳим Раҳмоналиевич бо тахаллуси “Далер” дар ҳудуди Федератсияи Россия хабардор шуда, ӯро аз роҳи пешгирифтааш боз медоранд ва маблағҳои гирифтаашро бозпас гардонидааст. Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич баъди аз мақсади пешгирифтааш баргаштан, баъдан дар соли 2015 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта ба хонаашон меояд.

Гуноҳи судшавандаҳо дар рафти мурофиаи судӣ бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ буда исботи худро ёфт.

Суд кирдори судшавандаҳо Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич ва Сафаров Ширинбек Саймуҳиддиновичро бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои, иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, пешбинӣ мекунад банду баст кард.

Суд кирдори судшаванда Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадовичро бо моддаи 3072 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар иттиҳодияи экстремистӣ пешбинӣ мекунад, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшавандаҳо Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич, Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович ва Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшавандаҳо, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ)”-ро ба инобат гирифта,   Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич ва Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович бо моддаи 3072 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ниисбаташон чунин ҷазо таъин кард:

Ба Раҳимов Ширинбек Раҳмоналиевич бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 (шаш) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр.

Ба Сафаров Ширинбек Саймуҳиддинович бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазодар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр.

Ба Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович бо моддаи 3072 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 (шаш) сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъин кард.

Дар асоси қисмҳои 3 ва 6 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷазои ниҳоии бо ҳукми суди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз санаи 24 декабри соли 2015 ва таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз санаи 17 феврали соли 2016 ба мӯҳлати 6 (шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардида, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ нисбат ба Шокиров Қурбонали Сайдаҳмадович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 7 (ҳафт) сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин кард.

Бинобар гуфтаҳои боло қайд карданиям, ки маҳрум кардани шахс аз озодӣ танҳо мақсади ҷазо нест. Чунончи дар моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст:

“Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят эътироф шудааст татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ гардидаанд, иборат мебошад.

Ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.”

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ИсозодаХ.И.