Ҳукми суд барои ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд

28 августи соли 2020 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарофзода Б.Қ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Ҳаитов Боймаҳмат Баротович, 10 октябри соли 1960 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Ҳисор, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Ҳисор, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 206 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати судшаванда Сафаров Сафар Наврузович, 06 марти соли 1963 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Кулоби вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд шудааст, доғи судӣ дорад, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 206 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати номбурдагон дар чунин ҳолат айб эълон гардида буд:

22 майи соли 2020 аз сарчашмаи боэътимод оид ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои заҳролуд, ки воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд, машғул будани Ҳаитов Боймаҳмат Баротович, ахбороти оперативӣ ворид гардида, дар ҳамин асос ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» бо мақсади ошкор намудани ин ҷиноят, шахси ҷинояткор ва шарикони ў, инчунин пайдо кардани сарчашмаи ба даст овардани чунин моддаҳои заҳролуд парвандаи оперативӣ оғоз карда мешавад.

Сипас, шахси мусоидаткунанда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аввалан ба боварии Ҳаитов Б.Б. даромада, худро ҳамчун харидори моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) вонамуд сохта, ба ў аз ҳамон маблағҳои кормандони милитсия дода 400 доллари ИМА-ро барои дастрас намудани моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) медиҳад. Ҳаитов Б.Б., бошад ба ин розӣ шуда, маблағҳои мазкурро гирифта ба хонааш рафта, санаи 26-уми майи соли 2020 тахминан соатҳои 15:00 дақиқа, бо мақсади амалӣ намудани нияти ҷинояткоронаи худ дар назди тарабхонаи Кишмиши шаҳри Душанбе бо шиносаш Сафаров Сафар Наврузович, ки зодаи шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон мебошад, вохўрда, барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳролуд (заҳри мор), ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти озодӣ он манъ аст, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан маслиҳати пешакӣ менамоянд.

Сафаров С.Н. худи ҳамон рўз аз ҳаммаслакаш Ҳаитов Б.Б. барои анҷоми нияти ҷинояткоронааш 200 доллари ИМА гирифта, ба шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон равон мешавад. Ҳангоми дар он ҷо расиданаш чандин маротиба бо Раҳмонов Б.С. вохўрда, дар натиҷа вайро барои ғайриқонунӣ фурўхтани моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) розӣ мекунад ва арзиши 1 граммро 200 доллари ИМА муқаррар мекунанд.

Ҳамин тариқ, санаи 28 майи соли 2020 тахминан соатҳои 15:20 дақиқа Раҳмонов Б.С. бо Сафаров С.Н. дар назди даромадгоҳи шаҳри Кўлоб вохўрда, дар дохили автомошинааш ба вай 10 ампула моддаҳои заҳролуд (заҳри мор) дода, аз он ҷо ба самти даромадгоҳи шаҳри Кулоб роҳсипар мешавад. Сафаров С.Н. бошад паз аз гирифтани ампулаҳои мазкур ба назди Ҳаитов Б.Б., ки дуртар аз онҳо дар дохили як адад автомошина қарор доштааст, рафта ампулаҳои мазкурро ба шахси мусоидаткунанда медиҳад, ки он лаҳза дар натиҷаи гузарониани ЧОҶ дар намуди таҳвили назоратшаванда аз ҷониби кормандони милитсия Ҳаитов Б.Б. ва Сафаров С.Н., дастгир карда мешаванд.

Судшаванда Ҳаитов Боймаҳмат Баротович бо айби нисбаташ эълон кардаи мақомоти тафтишоти пешакӣ худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар тафтишоти пешакӣ додаашро тасдиқ намуда, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки бори аввал ҷиноят содир кардан,  беморӣ ва синну соли ўро ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Судшаванда Сафаров Сафар Наврузович бо айби нисбаташ эълон кардаи мақомоти тафтишоти пешакӣ  худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар тафтишоти пешакӣ додаашро тасдиқ намуда, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки фарзандони ноболиғ доштанаш ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои ғайри ҳабсӣ таъин карда шавад.

Гарчанде судшавандагон Ҳаитов Боймаҳмат Баротович ва Сафаров Сафар Наврузович худашонро дар содир кардани ҷиноят пурра гунаҳгор шуморанд ҳам, гуноҳи онҳо бо дигар маводҳои парванда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори Ҳаитов Боймаҳмат Баротович ва Сафаров Сафар Наврузовичро бо моддаи 206 қисми 2, банди“а”Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, ки воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ намебошанд, аз ҷониби  гурўҳи шахсон  бо маслиҳати пешакиро муқаррар  мекунад банду баст кард.

Бо назардошти ҳолатҳои дар боло овардашуда, аз ҷумла хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсият ва нақши ҳар як судшавандаро дар содир намудани ҷиноят суд дар алоҳидагӣ баҳо дода, Ҳаитов Боймаҳмат Баротович ва Сафаров Сафар Наврузовичро бо моддаи 206 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбати онҳо бо моддаи 206 қисми 2 банди “а”Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин кард.