Вайрон кардани қойдаҳои ҳаракати роҳ боиси марги ҷабрдида

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат, дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Умаров Ҷура Мелибойевич-15 апрели соли 1961 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст, миллташ ӯзбек, забони тоҷикиро хуб медонад ба тарҷумон муҳтоҷ намебошад, маълумоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, ҷои кор надорад, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби се нафар фарзанд, ҷои истиқомат шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Чашмаи моҳиён, бо моддаи 212 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ чун ронандаи автомашина ҳангоми ҳаракат дар роҳ «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро вайрон намудааст, ки натиҷааш рух додани садама ва боиси марги ҷабрдида шудааст. Умаров Ҷ.М. санаи 29 ноябри соли 2018 соатҳои 17.40 дақиқа бо вайронкунии талаботи банди 132-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «суръати  ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маҳаллаҳои аҳолинишин бояд на зиёда аз 60 км\соат бошад» автомашинаи тамғаи «Тайота Королла» рақами қайди давлатиаш 62-00 АВ 01-ро, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштааст, бо чароғҳои дараҷаи биниашашон наздик рӯшноидиҳанда идора карда, бо роҳи рости мошингарди мумфарши сатҳи болоишаш хушки бенуқсони кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон, бо қатори дуюми роҳ, аз ҳадди муқарраршуда зиёдтар, яъне аз рӯи суръати тахминан 60-65 км\соат, бо як нафар мусофир ҳаракат кардааст. Ҳангоми ҳаракат вақти расидан дар рӯ ба рӯи маркази дилхушии «Обшорон» воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Душанбе ӯ талаботи бандҳои 130, 131 ва 132-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро, ки мувофиқи он «ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоидаҳои муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникӣ-ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад. Дар ин ҳолат шабона ва ё ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ва хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ӯ вазифадор аст фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад ва суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд», иҷро накарда, онҳоро вайрон карда, беэҳтиётӣ ва худбоварӣ зоҳир намуда, назораташро аз ҳаракати автомашина дар роҳ берун карда, пиёдагард Намозова Рисолат Умаралиевна-22.06.1988 соли таваллудашро, ки роҳи мошингардро аз тарафи чап ба тарафи рост нисбат ба самти ҳаракати автомашинаи мазкур давида мегузашт, бо қисми пеши тарафи чапи автомашинаи идоркардаистодааш зада аз пой меафтонад. Дар натиҷаи садамаи мазкур ҷабрдида Намозова Р.У. пас аз се соати ба беморхона дастрас шуданаш вафот мекунад.

Судшаванда Умаров Ҷ.М. худашро дар содир кардани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 212 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ намуда, хоҳиш кард, ки парванда мутобиқи талаботи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Суд кирдори судшаванда Умаров Ҷ.М.-ро дар содир намудани  ҷинояти пешбининамудаи моддаи 212 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон- барои аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст банду баст кард.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо принсипи фардикунондани ҷазо, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшаванда Умаров Ҷ.М.-ро ба инобат гирифта, нисбаташ 3 (се) сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 2 (ду) сол, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сукунат таъин кард.

Чораи пешгирӣ нисбати Умаров Ҷура Мелибойевич дар намуди забонхат оиди набаромадан аз маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, ӯ аз толори судӣ ба ҳабс гирифта шуд.