Зӯроварӣ дар оила боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Мирбобоева Дилфуза Илёсовна, 21 январи соли 1988 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Турсунзода, миллаташ ӯзбек, забони давлатӣ-тоҷикиро медонад, таҳсилоташ миёнаи махсус, оиладор, соҳиби як фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Шодмонӣ, хонаи 21 бо моддаи 93(1)  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, муайян  кард.

Мирбобоева Дилфуза санаи 24 январи соли 2019 тахминан соатҳои 16:40 дақиқа ҳангоми дар дохили ҳавлии истиқоматиашон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ, хонаи 21 қарор доштанаш модари шавҳараш Кузиева Мавлюда Ҷумаевнаро дашному ҳақоратҳои қабеҳи ғайриинсонӣ дода, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Мирбобоева Дилфуза дар маҷлиси судӣ худашро гунаҳгор ҳисобида, баёнот дод, ки дар ҳақиқат  санаи 24 январи соли 2019 тахминан соатҳои 16:40 дақиқа ҳангоми дар дохили ҳавлии истиқоматиашон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шодмонӣ, хонаи 21 қарор доштанаш модари шавҳараш Кузиева Мавлюда ба тарафи дари ҳуҷраи зисти ӯ об партофтааст, ӯ ба ин амали хушдоманаш эрод гирифтааст, вале хушдоманаш нисбати ӯ дашном дода, ба назди ӯ омада, бо ӯ ҷанҷол бардоштааст. Ӯ низ бо хушдоманаш ҷанҷол бардошта, даст ба гиребон шудаанд. Аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбати ӯ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ҷабрдида Кузиева Мавлюда дар маҷлиси судӣ баёнот дод, ки ҳуқуқвайронкунанда Мирбобоева Дилфуза ҳамсари писараш буда, тахминан 6 ва ё 7 моҳ шудааст, ки мунтазам бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст. Ҳарчанд ӯ кушиш намудааст, ки муносибаташро бо келинаш-ҳуқуқвайронкунанда хуб кунад, вале келинаш ӯро дар хона ҳурмату эҳтиром накарда, нигоҳу бинаш намекардааст. Маҷбур шудааст, ки ба милитсия муроҷиат намояд.

Мувофиқи талаботи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни мазкур зўроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ў, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ў мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Мирбобоева Дилфузаро бо моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст кард.

Суд Мирбобоева Дилфуза Илёсовна бо моддаи 93(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў мувофиқи ҳамин модда ҷазои ҷарима ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 110 (яксаду даҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.