Маркази матбуот Хабарҳо (Page 5)

Хабарҳо

Бо камоли эҳтиром кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини миллати сарбаланду бофарҳанги тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро
Бо самимияти беандоза ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии бузургтарин дастоварди халқу миллати азизамон 25-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатию саломатии комил, умри дарози пурбаракат, гул-гун шукуфоии Ватани азизамон ва тамоми бурдбориҳои зиндагиро таманно менамоям. Маҳз Ваҳдати миллӣ барои пойдории
Ҳамдиёрони азиз! Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ҳамватанони азизро ба муносибати ҷашни бисту панҷ солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуда, бароятон саломатии комил, умри дароз,  таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамватанони азиз! Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ  боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор […]
Иди Наврӯз иди баҳор, иди шукуфтанҳо, иди бахшиданҳою тоза сохтани дилҳо аз кибру ғурур ва хосса иди эҳёи табиату оштӣ сохтани дилҳо мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои он аст, ки тамоми мардум ин иди бузургро бо як самимият ва эҳтироми хосса ба анъанаҳои оламшумулаш ҳамасола дар моҳи март ҷашн мегиранд. Маҳз бо саҳми бевоситаи Роҳбарияти Олии […]
21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид
Имрӯз кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси суд, муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибистиқлол ва ягона буда, шакли олии нишони соҳибдавлатист. Тавре маълум аст, аз рӯи намои парчам давлати дахлдорро муайян намудан мумкин аст. Зери парафшонии парчам ифтихори  миллии ҳар як фарди ба нангу номус ва соҳибватан ҳамеша танинандоз мебошад. Парчам таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат […]
6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бисту ҳафт соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар